Ба дасти сомонаи “Ахбор” видеое расид, ки як соҳибкори тоҷик дар шаҳри Новосибирски Русия барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар пайи буҳрони коронавирус бекор мондаанд, 3 миллион рубл хайр кардааст. Ҳамсуҳбатони “Ахбор” гуфтанд, ки ин кумакро бачаҳои Раҳими Ғармӣ оварда, сари ҳар муҳоҷир 5 ҳазор рубл, барои 600 муҳоҷир дасти ёрӣ дароз кардаанд. Дар видео дида мешавад, ки маблағҳои хайрияро рӯи миз гузошта, як-як ҳисоб мекунанд ва сипас тақсимот шурӯъ мешавад. Нахуст ба як нафар барои 29 муҳоҷири бекормонда сари ҳар кадом 5-ҳазорӣ 145 ҳазор рубл ҳисоб карда медиҳанд.
Раҳими Ғармӣ – Раҳимҷон Бобоҷонов, писари Муҳиб Бобоҷонов, як марди саховатманди маъруф дар водии Рашт мебошад, ки дар Русия чандин мағозаро мечархонад.
Муҳиб Бобоҷонов, ки қаблан раиси совхози Сорбоғ дар дараи Камароб буд ва сипас ширкати “Исфандиёр”-ро тахсис дода, дар ду гектар замин боғи нок бунёд кард, дар водии Рашт бо амалҳои хайраш, аз ҷумла ба кӯдакону ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ ном баровардааст.
Ӯ соли гузашта бо кумаки фарзандони дар Русия соҳибкораш қисмати дуюми роҳи Навобод – Ғармро мумфарш кард ва низ бо кумаки фарзандонаш барои тармими як қисмати таъмирталаби шоҳроҳи Душанбе — Лахш (дар ҳудуди ноҳияи Нуробод) ва мумфарш кардани роҳи мошингарди ҷамоати Боқӣ Раҳимзода (аз даромадгоҳи дараи Камароб то маркази деҳот) ният кардааст. Ҳукумат соли 2019 Муҳиб Бобоҷоновро барои чунин иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ кард.