Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Эмомалӣ Раҳмон дар номаҳои ҷудогона ба раҳбарони Эрон ва Амрико созиши сулҳи миёни ду кишварро қадами муҳим дар роҳи коҳиши танишҳо ва таҳкими субот дар Ховари Миёна арзёбӣ карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз ҳалли ҳама низоъҳо танҳо тавассути муколама ва музокироти дипломатӣ таъкид намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар номаҳои ҷудогона ба Масъуд Пизишкиён ва Доналд Трамп, ҳамтоёни эронӣ ва амрикоии худ, Теҳрон ва Вашингтонро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ табрик гуфтааст.
Дар номае ба Президенти Эрон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки расидан ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуда, он натиҷаи талошҳои густурда ва иродаи устувори ҷониби эронӣ мебошад. Ӯ изҳори итминон намудааст, ки тавофуқоти ҳосилшуда метавонад дар таҳкими сулҳи пойдор ва фарогир дар Ховари Миёна, тақвияти низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳамсозии заминаҳои мусоиди рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ нақши муассир дошта бошад. https://tajikpress.com/2026/06/18/%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d0%bc%d1%83%d0%bd/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев