Предыдущая публикация
Дирӯз дар дараи Ромит генерал Абдуҳалим Назарзода кушта шудааст. Дар ин бора чанд хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.
Манбаи ин хабаргузорӣ аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карда гуфтааст, қарор аст мақомот расман дар ин маврид гузориш бидиҳанд.
Хабари кушта шудани генерал Назарзода дар ҳолест, ки мақомот то ин лаҳза расман ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.
Бино ба иттилои расмии мақомот, то ҳол 22 ҷонибдори Абдуҳалим Назарзода кушта, наздики 90 шарики дигараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилӣ бо даъвати мардум ба ҳамкорӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев