Тибқи иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 7 сентябри соли равон аснои як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷўӣ Ю.Р., соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти шаҳраки ноҳияи Исфара ва корманди заминсози ҳамин ҷамоатро боздошт намудаанд: “Номбурда бо сӯйиистифода аз воколатҳои мансабии худ аз шаҳрванд А.Б., соли таваллудаш 1992 барои ба масоҳати 0,5 гектар ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди фермаи ҷамоти деҳоти шаҳраки ноҳияи Исфара маблағи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамучн пора талаб кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:00 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи гузаронидани як амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Исфара шаҳрванд Ю.Р.-ро ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор доллар дастгир намудаанд: “Далели шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса бо моддаи 319, қ.1 “гирифтани пора”, парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст ва тафтишот идома дорад”.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев