Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:05

Сохтори табодули коло миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2023 чӣ гуна буд.

Маълумоти пурра дар тасвирбаёни Sputnik Тоыикистон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Тоҷикистон 3.5 ҳазор тон кумаки башардӯстонаро ба Қазоқистон фиристод.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва болопӯши хонаҳо иборат буда, он тариқи қатора ва мошинҳои боркаш аз Душанбе ва Хуҷанд ба Қазоқистон ирсол гардид.
Дар пайи обхезии шадид дар Қазоқистон 4 870 бинои истиқоматӣ зери об монд ва беш аз 100 ҳазор нафар ба ҷои амн кӯчонда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:20

Кайҳоннаварди рус Пётр Дубров дар Душанбе аз таҷрибаи кайҳонии худ сӯҳбат хоҳад кард.

Вай дар пойтахти Тоҷикистон ба суолҳо дар мавриди кори кайҳоннавард - озмоишгар посух хоҳад дод.
Вохӯрӣ пас аз намоиши ройгони филми "Чӣ гуна кайҳоннавард шудам" рӯзи 19 апрел дар "Сиёма мол" бо мусоидати сафорати Русия, Россотрудничество, Мегафон Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-ум баргузор мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:03

IRS бинобар сафари Мирзиёев ба Суғд роҳро баст.

Ин ширкат роҳ самти Суғдро барои мошинҳои боркаш аз соати шаш ва барои мошинҳои сабукрав аз соати 11:00 баст.
Феълан маълум нест, ки роҳи Душанбе-Чаноқ кай боз мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:58

Исроил ба Эрон зарбаи ҳавоӣ задаст.

Расонаҳои Ғарб гуфтанд, зарбаи хусусияти маҳдуд дошта, Исроил ҷониби ИМА-ро аз он қаблан огоҳ кардаасту Пентагон ин иқдомро ҷонибдорӣ накардаст.
Расонаҳои эронӣ аз таркишҳо ва кори низоми дифои ҳавоӣ дар минтақаи фурудгоҳи Исфаҳон хабар медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки иншооти ҳастаӣ осеб надидааст.
Эрон шаби 13 ба 14 апрел дар посух ба ҳамла ба намояндагии дипломатиаш дар Димишқ, ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин ва ҳудуди 150 мушак партоб карда буд.
00:25
Исроил зарба
33 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:30

Сухани рӯзи Мирзиёев дар бораи дӯстиву қаринии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00

Вазирони маорифи Тоҷикистону Русия шароити донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русияро баррасӣ карданд.

Раҳим Саидзода дар ҳошияи Ҷаласаи VIII вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ дар Маскав бо ҳамтои руси худ Сергей Кравтсов вохӯрд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу варзиш ва таҳкими ҳамкорӣ миёни мактабҳои олии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:30

Чор ҳунарманди тоҷик бо фармони Мирзиёев унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро гирифтанд.

Инҳо Миралӣ Достиев, Фурқат Саидов, Раҳматулло Ҳошимов ва Тулқин Тоҷибоев мебошанд, гузориш дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Имзои 28 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расониданд.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар қайд кард, санадҳои нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Русияву Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдони Тоҷикистон" тамринҳои муштараки густарда анҷом доданд

Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия аз таҷрибаҳои минтақаи ҳарбии шимолӣ бар зидди душмани тақаллубӣ, аз ҷумла FPV-паҳмоди -интиҳории “Пираня” истифода карданд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, бахши умдаи контингенти Русия аз ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон иборат буд.
04:13
video_2024-04-18_14-38-36
44 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Раҳмон: дар 7 соли охир гардиши коло миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 40% афзуд.

Президенти Тоҷикистон гуфт. Ин раванд сол то сол тамоюли афзоишёбӣ дорад.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон фаъолият доранд.
“Ин нишондиҳанда барои ҳарду кишвар ҳадди ниҳоӣ нест. Мо ҳамкориҳо ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистонро густариш хоҳем дод”, - таъкид намуд роҳбари давлат.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳанд ҳаҷми сармоягузории мустақимро густариш диҳанд.

Дар 16 соли охир соҳибкорони ӯзбек ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз $74 млн сармоягузорӣ кардаанд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:00

Вазири маорифи Тоҷикистон ба Маскав омад.

Вазири маорифи Тоҷикистон дар сафари худ ба Маскав бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот кард.
“Дар Донишгоҳи дустии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки бо сафари корӣ дар ба шаҳри Москва қарор дорад, бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Русия таҳсил менамоянд, баргузор гардид”, иттилоъ додааст сафорати кишвар дар Русия.
Дар ҷараёни суҳбат Сафир дар бораи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар ин замина дурӣ ҷустан онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таъкид намуд.
Аз онҳо талаб карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садо
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:25

Мирзиёев Раҳмонро ба Ӯзбекистон даъват кард.

Кишвардори Ӯзблекистон аз президенти Тоҷикистон хост дар дилхоҳ вақти барои ӯ муносиб ба Ӯзбекистон ташриф орад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:55

Дар Ӯзбекистон беш аз 300 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду ҷумҳурӣ чӣ гуна инкишоф ёфтанд - аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:52

Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба $2 млрд расонанд.

Дар ин бора зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар зикр гардид.
Илова бар ин, масъалаҳои густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Юлдуз Усмонова Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шуд.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:30

Аз 1 май назорати шаҳодатномаҳои забонии муҳоҷирон комилан давлатӣ мешавад.

Вазорати маориф ва илми Русия гуфт, созмонҳои хусусӣ наметавонанд дар имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон ширкат кунанд.
🔸Акнун барои ин донишгоҳҳои маҳаллии давлатӣ масъул хоҳанд буд.
🔸Назорат аз болои тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ва додани шаҳодатномаҳо пурзӯр карда мешавад.
🔸Масъулият ба дӯши ректорони донишгоҳҳои вогузор мешавад. Дар сурати нақзи муқарарот аз кор хориҷ хоҳанд шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Дар ИИАО бору мусофиркашонӣ вусъат ёфт.

Дар ду моҳи аввали соли равон гардиши умумии мусофиркашонӣ дар ИИАО 10% афзоиш ёфт. Аз ҷумла дар Қирғизистон -11,2%, Русия – 10,6%, Беларус – 8,3% ва Қазоқистон 7,6%.
Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ муомилоти умумии бор низ 0,9% афзуд:
🇰🇬Қирғизистон – 8,8%;
🇷🇺 Русия – 1,3%;
🇧🇾Беларус – 1,6%
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:30

Муҳоҷирон боз барои донистани забони русӣ имтиҳон хоҳанд шуд.

Зеро Рособрнадзор тасмим гирифт, ки бахши “Гуфтугӯ”-ро ба имтиҳон барои гирифтани патенти меҳнатӣ баргардонад.
"Дар замони будубоши худ дар кишвари мо, аксари муҳоҷирон дар вазъиятҳои мухталифи зиндагӣ бояд бо русҳо ба таври шифоҳӣ муошират кунанд", - навиштааст РБК бо истино ба хадамот.
Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки холҳои гузаришро аз 50 то 80 барои нафаре, ки мехоҳанд иҷозаи иқомат ё шаҳрвандии Русияро гиранд, боло баранд.
Показать ещё