Алҳамдулиллоҳи ваҳдаҳ вассалоту вассалому ало ман ло набийя баъдаҳ:
Қабл аз ҳар чизе аввалан аллоҳ таолоро сипосгузорем ва ташаккур мекунем бахотири ҳамаи неъматҳо хуб ва муфидаш ва аз аллоҳ таоло сипосгузори мекунем ки дубора барои мову шумо ҳаёт бахшид ва моро барои ин рӯзҳои муборак(даҳҳаи зулҳиҷҷа) расонид то ба сабаби анҷом доданиа малҳои хайр ва нек ба ӯ наздик шавем яке аз амалҳое ки имрӯзҳо дар пешопеши мо қарор дорад ин қурбонӣ аст, ки ҳама сола бандагони худо ин суннати паёмбариро анҷом медиҳанд, ва шояд баъзе аз бародарону хоҳарон аз фазилат ва савобу аҷри ин амали бузург маълумоти кам дошта бошанд аз ин хотир банда хостам ба қисме аз фазоили он ишора кунам ки расули худо(салому дуруди аллох бар ӯ ва олу асҳобаш нозил бод) чи иршодҳо фармудаанд.
Хонанди азиз! Қурбонӣ яке аз амалҳоест ки аллоҳ таоло онро дӯст медорад ва паёмбар алайҳиссалом низ бар он мудовамат кардаанд дар мавриди фазилатҳои қурбонӣ аҳодиси зиёде ворид шудааст аз ҷумла:
ﻋَﻦ ﻋَﺎﺋِﺸَﺔ ﺭَﺿِﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﻋَﻨْﻬَﺎ ﺃَﻥ ﺭَﺳُﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳﻠﻢ ﻗَﺎﻝَ : " ﻣَﺎ ﻋﻤﻞ ﺍﺑْﻦ ﺁﺩﻡ ﻳَﻮْﻡ ﺍﻟﻨَّﺤْﺮ ﻋﻤﻼ ﺃﺣﺐ ﺇِﻟَﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﺰ ﻭَﺟﻞ ﻣﻦ ﻫﺮﺍﻗﺔ ﺩﻡ ، ﻭَﺇﻧَّﻪُ ﻟﻴَﺄْﺗِﻲ ﻳَﻮْﻡ ﺍﻟْﻘِﻴَﺎﻣَﺔ ﺑﻘﺮﻭﻧﻬﺎ ﺃﻇﻼﻓﻬﺎ ﻭَﺃَﺷْﻌَﺎﺭﻫَﺎ ﻭَﺇِﻥ ﺍﻟﺪَّﻡ ﻟﻴَﻘَﻊ ﻣﻦ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﺰ ﻭَﺟﻞ ﺑﻤَﻜَﺎﻥ ﻗﺒﻞ ﺃَﻥ ﻳَﻘﻊ ﻋﻠﻰ ﺍﻷَﺭْﺽ ، ﻓﻄﻴﺒﻮﺍ ﺑﻬَﺎ ﻧﻔﺴﺎ " ﺃﺧﺮﺟﻪ ﺍﻟﺘِّﺮْﻣِﺬِﻱّ ﻭَﺍﺑْﻦ ﻣَﺎﺟَﻪ
«Ҳеҷ амалеро фарзанди одам дар рӯзи иди қурбон анҷом намедиҳад, ки назди худо дӯст доштанитар бошад аз қурбони кардан ва ин қурбонии ӯ рӯзи қиёмат бо шохҳо ва муйҳо ва нохунҳояш(яъне курбонии ӯ бе камбуди ва бо пурраги) оварда мешавад ва хуни ин қурбони пеш аз инки бар рӯи замин бирезад дар назди аллоҳ таоло қабул мешавад пас дар қурбони кардан кушиш (ва талош) кунед>> (ривояти тирмизӣ ва ибни моҷа)
ﻋَﻦ ﺯﻳﺪ ﺑﻦ ﺃَﺭﻗﻢ ﺭَﺿِﻲ ﺍﻟﻠﻪ ﻋَﻨﻪُ ﻗَﺎﻝَ : ﻗَﺎﻝَ ﺃَﺻْﺤَﺎﺏ ﺭَﺳُﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳﻠﻢ : ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﻣَﺎ ﻫَﺬِﻩ ﺍﻟْﺄَﺿَﺎﺣِﻲ؟ ﻗَﺎﻝَ " : ﺳﻨﺔ ﺃﺑﻴﻜﻢ ﺇِﺑْﺮَﺍﻫِﻴﻢ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﺍﻟﺴَّﻠَﺎﻡ ،" ﻗَﺎﻟُﻮﺍ : ﻓَﻤَﺎ ﻟﻨﺎ ﻓِﻴﻬَﺎ ﻳَﺎ ﺭَﺳُﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ؟ ﻗَﺎﻝَ : " ﺑِﻜُﻞ ﺷَﻌْﺮَﺓ ﺣَﺴَﻨَﺔ ،" ﻗَﺎﻟُﻮﺍ : ﻓﺎﻟﺼﻮﻑ ﻳَﺎ ﺭَﺳُﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ؟ ﻗَﺎﻝَ : " ﺑِﻜُﻞ ﺷَﻌْﺮَﺓ ﻣﻦ ﺍﻟﺼُّﻮﻑ ﺣَﺴَﻨَﺔ " ﺭَﻭَﺍﻩُ ﺍﺑْﻦ ﻣَﺎﺟَﻪ .
«Аз арқам худо аз ӯ рози бод ривоят аст, ки гуфт: саҳобагони паёмбар ба расули худо алайҳиссалом гуфтанд: эй расули худо ин қурбони чист(чи хусусият дорад)? Расули худо гуфт: қурбонӣ суннати падаратон иброҳим алайҳиссалом аст(ки мо ба пайрави кардан аз ӯ дастур дода шудаем) саҳобагон гуфтанд: дар ин қурбонӣ барои мо чи савобе аст? Расули худо гуфтанд: ба миқдори муйҳои қурбони карда шуда ба шумо неки(савоб) дода мешавад саҳобагон пурсиданд: (буз муй дорад аммо) дар гӯсфанд барои мо чигуна савоб дода мешавад? Расули худо фармуд: ба миқдори муйҳои гӯсфанд бароятон савоб дода мешавад» (ривояти ибни моҷа ва имом аҳмад)
Танбеҳ: дар ривоёти дигаре фазоили қурбонӣ зикр шудааст аммо қисме аз муҳаддисин он аҳодисро тазъифо кардаанд локин аҳодиси заиф дар фазоили амалҳо ва тарғибу тарҳиб амал карда мешаванд:
Аз ҷумла ривоёте ки дар фазоили қурбони зикр шудаанд ва қисме аз муҳаддисин онҳоро тазъиф кардаанд:
« ﻋَﻈِّﻤُﻮﺍ ﺿَﺤَﺎﻳَﺎﻛُﻢْ ﻓَﺈِﻧَّﻬَﺎ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟﺼِّﺮَﺍﻁِ ﻣَﻄَﺎﻳَﺎﻛُﻢْ ».
«Қурбониҳоятонро бузург(калон) кунед зеро онҳо бар болои пули сирот бароятон бардоранда мешаванд» (ривояти дайламӣ)
Яъне ҳарчи қадар моли қурбони мешуда аз лиҳози ҳаҷм калон ва фарбеҳ бошад барои соҳибаш бар болои пули сирот ҳамон қадар бардоранда ва кумак кунандаи хуб хоҳад шуд.
ﻭﻋﻦ ﺍﺑﻦ ﻋﺒﺎﺱ ﻗﺎﻝ : ﻗﺎﻝ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ :
" ﻣﺎ ﺃُﻧﻔﻘﺖ ﺍﻟﻮﺭِﻕ ﻓﻲ ﺷﻲﺀ ﺃﺣﺐ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻣﻦ ﻧﺤﻴﺮ ﻳﻨﺤﺮ ﻓﻲ ﻳﻮﻡ ﻋﻴﺪ ." ﺭﻭﺍﻩ ﺍﻟﻄﺒﺮﺍﻧﻲ
«Аз абдуллоҳ ибни аббос ривоят аст, ки расули худо алайҳиссалом фармуд: Аз ҳама чизе ки маблағ дар он сарф мешавад ва назди худованд дӯст доштанитар аст ин қурбони аст>> (ривояти табаронӣ)
Яъне маблағе ки дар харидани моли қурбони сарф карда мешавад аз дигар амалҳои хайре ки дар он маблағ сарф карда мешавад назди аллоҳ таоло маҳбубтар ва дӯст доштанитар аст.
Интихоби навъи рангҳо:
Албатта дар забҳ кардани ҳамагуна рангҳои чаҳорпоён (сиёҳ, сафед, зард, ва...) ки барои қурбони кардан омода карда мешаванд аҷру савоб аст ва шахси қурбони кунанда савобашро аз ҷониби аллоҳ таоло касб мекунад, аммо агар чаҳорпои сафед харидори ва забҳ карда шавад аз чаҳорпоёни сиёҳ, зард, ва ғайра савобаш дучанд аст, чигунае ки расули худо алайҳиссалом мефармоянд:
ﻋﻦ ﺃﺑﻲ ﻫﺮﻳﺮﺓ ﻗﺎﻝ : ﻗﺎﻝ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ :
" ﺩﻡ ﻋﻔﺮﺍﺀ ﺃﺣﺐ ﺇﻟﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻣﻦ ﺩﻡ ﺳﻮﺩﺍﻭﻳﻦ ."
«Хуни як чаҳорпои сафед(ки барои қурбони забҳ карда мешавад) дар назди худо аз хуни ду ҳайвони сиёҳ дида дӯст доштанитар аст»(ривояти имом аҳмад ва ҳоким)
Яъне забҳи (куштани) як чаҳорпои сафед ба хотири қурбонӣ аз куштани ду чаҳорпои сиёҳ ва ё зард дида дар назди аллоҳ таоло аҷру савоби бештар дорад ва назди аллоҳ таоло дӯст доштанитар аст.(ин ду ривояти охирро қисме аз уламои ҳадисшиноси заиф гуфтаанд)
Суннат дар курбонӣ:
Суннат дар қурбонӣ инаст, ки моли қурбони мешуда шохдор бошад ва шахси қурбони кунанда агар имкон ва тавоноии забҳ кардан(куштан)-ро дошта бошад қурбонияшро худ бо дасти худаш забҳ кунад, зеро расули худо алайҳиссалом бо дастони мубораки худ забҳ кардаанд(куштанд) чигунае ки дар ривоёт омадааст:
ﻋَﻦْ ﺃَﻧَﺲٍ ، ﻗَﺎﻝَ : « ﺿَﺤَّﻰ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ ﺑِﻜَﺒْﺸَﻴْﻨِﺄَﻣْﻠَﺤَﻴْﻦِ ﺃَﻗْﺮَﻧَﻴْﻦِ » ، ﻗَﺎﻝَ : « ﻭَﺭَﺃَﻳْﺘُﻪُ ﻳَﺬْﺑَﺤُﻬُﻤَﺎ ﺑِﻴَﺪِﻩِ ، ﻭَﺭَﺃَﻳْﺘُﻪُ ﻭَﺍﺿِﻌًﺎ ﻗَﺪَﻣَﻪُ ﻋَﻠَﻰ ﺻِﻔَﺎﺣِﻬِﻤَﺎ » ، ﻗَﺎﻝَ : « ﻭَﺳَﻤَّﻰ ﻭَﻛَﺒَّﺮَ »،
«Аз анас ривоят аст, ки гуфт: расули худо алайҳиссалом ду гӯсфанди сафеду шохдор забҳ намуд ва ман дидам ки пойҳояшро бар болои пойҳои онон монд ва бисмиллоҳ аллоҳу акбар гуфт ва бо ду дастони худаш онҳоро забҳ кард>> (ривояти муслим)
Аммо агар худаш кушта наметавонад пас суннати дигар инаст, ки ҳангоми куштани қурбонӣ худаш ҳозир шаваду куштанашро назар кунад зеро тавсияи паёмбар алайҳиссалом инаст:
ﻋَﻦْ ﻋِﻤْﺮَﺍﻥَ ﺑْﻦِ ﺍﻟْﺤُﺼَﻴْﻦِ ، ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ﻗَﺎﻝَ : ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﺻَﻠَّﻰ ﺍﻟﻠﻪُ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﻭَﺳَﻠَّﻢَ : « ﻳَﺎ ﻓَﺎﻃِﻤَﺔُ ﻗُﻮﻣِﻲ ﻓَﺎﺷْﻬَﺪِﻱ ﺃُﺿْﺤِﻴَّﺘَﻚِ ﻓَﺈِﻧَّﻪُ ﻳُﻐْﻔَﺮُ ﻟَﻚِ ﺑِﺄَﻭَّﻝِ ﻗَﻄْﺮَﺓٍ ﻣِﻦْ ﺩَﻣِﻬَﺎ ﻛُﻞُّ ﺫَﻧْﺐٍ ﻋَﻤِﻠْﺘِﻴﻪِ ، ﻭَﻗُﻮﻟِﻲ ﺇِﻥَّ ﺻَﻠَﺎﺗِﻲ ﻭَﻧُﺴُﻜِﻲ ﻭَﻣَﺤْﻴَﺎﻱَ ﻭَﻣَﻤَﺎﺗِﻲ ﻟِﻠَّﻪِ ﺭَﺏِّ ﺍﻟْﻌَﺎﻟَﻤِﻴﻦَ ، ﻟَﺎ ﺷَﺮِﻳﻚَ ﻟَﻪُ ﻭَﺑِﺬَﻟِﻚَ ﺃُﻣِﺮْﺕُ ﻭَﺃَﻧَﺎ ﺃَﻭَّﻝُ ﺍﻟْﻤُﺴْﻠِﻤِﻴﻦَ » ﻗَﺎﻝَ ﻋِﻤْﺮَﺍﻥُ : ﻳَﺎ ﺭَﺳُﻮﻝَ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻫَﺬَﺍ ﻟَﻚَ ﻭَﻟِﺄَﻫْﻞِ ﺑَﻴْﺘِﻚَ ﺧَﺎﺻَّﺔً ﻓَﺄَﻫْﻞُ ﺫَﻟِﻚَ ﺃَﻧْﺘُﻢْ ﺃَﻭْ ﻟِﻠْﻤُﺴْﻠِﻤِﻴﻦَ ﻋَﺎﻣَّﺔً؟ ﻗَﺎﻝَ : « ﺑَﻞْ ﻟِﻠْﻤُﺴْﻠِﻤِﻴﻦَ ﻋَﺎﻣَّﺔً »
«Имрон ибни ҳусайн худо аз ӯ рози бод мегӯяд: расули худо алайҳиссалом (ба духтарашон) фармуданд: эй Фотима бархезу қурбониятро мушоҳида(назар) кун зеро ба муҷаради рехтани аввалин қатраи хуни қурбоният гуноҳонеро ки анҷом додаи аз ту бахшида мешаванд ва бигӯ: «Ба дурусти ки намози ман ва ҳаҷҷу қурбонии ман ва зиндагонии ман ва марги ман – (ҳама) аз барои парвардигори оламиён аст барои ӯ ҳеҷ шарик нест ва ба ман ин амр дода шудааст ва ман нахустин мусулмонам.
(баъдан) имрон гуфт: эй расули худо ин (савобу аҷр) хос барои шумо ва аҳли байти шумо аст ё барои шумо ва тамоми мусалмонҳост? Расули худо гуфт: балки барои тамоми мусалмонҳо аст» (ривояти табаронӣ, ба ҳамин мазмун низ дар ривояти баззор омадааст, ки ровии он сиққа аст)
Дар ривояте аз ҳазрати Алӣ(худо аз ӯ рози бод) чунин омадааст ки фармуд:
ﻣَﻦْ ﺧَﺮَﺝَ ﻣِﻦْ ﺑَﻴْﺘِﻪِ ﺇِﻟﻰَ ﺷِﺮﺍَﺀِ ﺍﻷُﺿْﺤِﻴَّﺔِ ﻛﺎَﻥَ ﻟَﻪُ ﺑِﻜُﻞِّ ﺧَﻄْﻮَﺓٍ ﻋَﺸْﺮُ ﺣَﺴَﻨﺎَﺕٍ ﻭَﻣَﺤﺎَ ﻋَﻨْﻪُ ﻋَﺸْﺮُ ﺳَﻴِّﺌﺎَﺕٍ ﻭَﺭَﻓَﻊَ ﻟَﻪُ ﻋَﺸْﺮُ ﺩَﺭَﺟﺎَﺕٍ ﻭَﺇِﺫﺍَ ﺗَﻜَﻠَّﻢَ ﻓﻰِ ﺷِﺮﺍَﺋِﻬﺎَ ﻛﺎَﻥَ ﻛَﻼَﻣُﻪُ ﺗَﺴْﺒِﻴْﺤﺎً ﻭَﺇِﺫﺍَ ﻧَﻘَﺪَ ﺛَﻤَﻨَﻬﺎَ ﻛﺎَﻥَ ﻟَﻪُ ﺑِﻜُﻞِّ ﺩِﺭْﻫَﻢٍ ﺳَﺒْﻌُﻤِﺎﺋَﺔِ ﺣَﺴَﻨَﺔٍ ﻭَﺇِﺫﺍَ ﻃَﺮَﺣَﻬﺎَ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻷَﺭْﺽِ ﻳُﺮِﻳْﺪُ ﺩَﺑْﺤَﻬﺎَ ﺍﺳْﺘَﻐْﻔَﺮَ ﻟَﻪُ ﻛُﻞُّ ﺧَﻠْﻖٍ ﻣِﻦْ ﻣَﻮْﺿِﻌِﻬﺎَ ﺇِﻟﻰَ ﺍﻷَﺭْﺽِ ﺍﻟﺴَّﺎﺑِﻌَﺔِ ﻭَﺇِﺫﺍَ ﺃَﻫْﺮَﻕَ ﺩَﻣَّﻬﺎَ ﺧَﻠَﻖَ ﺍﻟﻠﻪُ ﺑِﻜُﻞِّ ﻗَﻄْﺮَﺓٍ ﻣِﻦْ ﺩَﻣِّﻬﺎَ ﻋَﺸْﺮَﺓٌ ﻣِﻦَ ﺍﻟﻤَﻼَﺋِﻜَﺔِ ﻳَﺴْﺘَﻐْﻔِﺮُﻭْﻥَ ﻟَﻪُ ﺇِﻟﻰَ ﻳَﻮْﻡِ ﺍﻟﻘِﻴﺎَﻣَﺔِ ﻭَﺇِﺫﺍَ ﻗَﺴَﻢَ ﻟَﺤْﻤَﻬﺎَ ﻛﺎَﻥَ ﻟَﻪُ ﺑِﻜُﻞِّ ﻟُﻘْﻤَﺔٍ ﻣِﺜْﻞَ ﻋِﺘْﻖِ ﺭَﻗَﺒَﺔٍ ﻣِﻦْ ﻭَﻟَﺪِ ﺇِﺳْﻤَﻌِﻴْﻞَ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﺍﻟﺼَّﻼَﺓُ ﻭَﺍﻟﺴَّﻼَﻡ
«Ҳарки аз хонааш барои харидани моли қурбонӣ берун шавад барои ҳар қадамаш ба ӯ даҳ неки дода мешавад ва аз (номаи аъмоли) ӯ даҳ бади хат зада мешавад ва даҳ маротиба дараҷаи ӯ баланд бардошта мешавад, ва ҳангоме ки барои харидани моли қурбони бо савдогар гуфтугӯ мекунад гуфтугуи ӯ тасбеҳ ҳисобида мешавад, ва ҳангоме маблағро барои харидани моли қурбонӣ пешниҳод мекунад барои ҳар дирҳами ӯ барояш ҳафтсад неки навишта мешавад ва ҳангоме ки молашро(гӯсфанд бошад ё гов ё буз ё шутур) ба нияти қурбони кардан ба замин мехобонад тамоми мухлуқоти аллоҳ таоло аз онҷое ки онро (ба замин ) хобонидааст то осмони ҳафтум барояш талаби мағфират мекунанд ва ҳангоме ки хуни қурбонияш ба замин мерезад дар ивази ҳар қатра хуни он аллоҳ таоло малоикаеро халқ мекунад, ки барои қурбони кунанда то рӯзи қиёмат талаби мағфират мекунанд ва ҳангоме ки гушти қурбонияшро тақсим мекунад бар ивази ҳар луқмаи гушт барояш савоби озод кардани як ғулом аз писарони ҳазрати Исмоил навишта мешавад»
Аз аллоҳ таоло талаби онро мекунем ки барои анҷом додани ин амали хайр бароямон тавфиқу ҳидоят иноят фармояд ва ин амалро аз ҷониби ҳама бародарону хоҳароне ки нияти қурбони кардан доранд холисона ба даргоҳи бениёзаш қабул фармояд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1