Ҳар чанд намудам дӯстиву ту дӯсти накардӣ, Тарки ҳасаду душманиву пасти накардӣ. То мор нашавад рост ба сӯроғ надарояд, Сад войи ту, ки дар қадамат рости накардӣ. Дастҳо ҳама як карда гиреҳ халқ кушоянд, Худрой, талаби якдилу якдасти накардӣ. Даргоҳи Худо кибру такаббур напазирад, Афсуси ту ки дасткаши аз масти накардӣ. Мову ту ғанимат шумарем, умри ду се рӯз, Андешаи фардою дами ҳасти накардӣ.