Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъд аз зуҳри душанбеи 27 феврал дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар афроди расмӣ истиқбол карданд.