Худоро хуш намеояд, ятиме дарбадар бошад,
Зи ранҷи рӯзгори сард, ба мижгон ашки тар бошад.
Бирав дасти сахо бикшо мадад бар бенавоён кун,
Ки як имдоду хайри мо, беҳ аз ганҷу гуҳар бошад.
Ҳазорон қайсару шоҳҳон гадои мулки он Зотанд,
Касе гар шубҳае дорад, ӯ аз қавми дигар бошад.
Мусалмонй ба миннат нест ва ё уфтодаро сад ранҷ,
Ҳар он кас некие кардаст зи нораш сад сипар бошад.
Ба ҷуз як пораи соне насибй мо набошад ҳеҷ,
Зи моли ин ҷаҳони фанд,ки сар то по зарар бошад.
Бикаш дасти тамаъ з-ин хон мабош побанди нафси бад,
Набошад банда он Ҳақро, касе фикраш ба зар бошад...