Ҳифз бинмо холиқатро, сарви бустони падар,
Эй муҷиби шодиву нури ду чашмони падар.
То бибошӣ зери ҳифзу сояи арши Худо,
Менабош бе ёди Ҳақ, нахли гулистони падар.
Ҳарчи мехоҳӣ бихоҳ, аммо на аз гайри Худо,
Меваи боги ҳаёту шуҳрату шони падар.
Мерасонад кумакат, ар ҷамъ гардад зумрае,
Беш аз он на, ки муқаддар аз қазо ҷони падар.
Гар пайи озори ту ҷамъе муваффақ мешавад,
Боз то ҳадди муқаддар, фахри даврони падар.
Саҳфаи бинвишта хушкид, чун бишуд боло қалам,
Нозудо аст ҳарфи қисмат, гулбадомони падар.
Маънӣ аз аҳодиси набавӣ.
(Амирӣ, 20.11.2017, Руссия, ш. Челябинск)