Фирори арус сари падарро хурд...
Салом хонандагони-и азиз! Дилам пури рози ногуфта аст, вале падари азизам дигар дар дунё нест, ки аз ӯ бахшиш пурсам.
Дар донишгоҳ мехондам. Дар курси охирин падарам маро ба писари як дӯсташ фотиҳа кард, вале мани содадил ба як ҳамсабақи деҳотиам дил баста, фақат дар орзуи он будам, ки зани ӯ шавам. Медонистам, ки ин ҷавон писари охирини хонаводаашон асту ҳоло акаҳояшро зан надодаанд, вале ӯ бо чормағзи пуч домани маро пур карда мегуфт, ки имрӯз ё пагоҳ ба хонаамон хостгор мефиристад. Мани эрка шарму ҳаёро фаромӯш карда, рӯирост ба падарам гуфтам, ки ҳамсабақамро дӯст медорам ва ба ғайр аз ӯ дигар ба ягон кас ба шавҳар намебароям. Падарам сахт хашмгин шуд