ЧОҲИ ЗАМ-ЗАМ
Як рӯз Исмоил (а) сахт ташна монд ва модараш хост, ки ба вай об диҳад, аммо дар ин биёбони беалаф об аз куҷост?!
Охир, Макка сарзамине буд, ки дар он умуман об набуд!
Охир, Макка сарзамине буд, ки дар он умуман чоҳ набуд!
Ҳоҷари модари Исмоил (а) барои фарзанди хурдсолаш ба чаҳор тараф медавид. Дар байни кӯҳи Сафо ва Марва медавид, то дар ҷое об пайдо кунад.
Дар ҳамин ҳолат Худованд Ҳоҷар ва Исмоил (а)-ро кӯмак кард ва барои онҳо аз замин об пайдо кард. Аз замин об мебаромад, Ҳоҷар аз он менӯшид ва Исмоили хурдсол ҳам аз он менӯшид, аммо он об тамом намешуд. Рафта-рафта ҷойи он об мисли чоҳ шуд ва он чоҳ ба номи Зам-зам машҳур гашт.
Худованд дар оби Зам-зам баракат дод. Ин