Дар сари рох аст гурат, модари гам куштаи ман, Шеъри дарду охи чонам, байти хуногуштаи ман. Харгахе оям тавофи хоки ту, Чашмхоят аз даруни гур суям бингаранд. Хонда печонхатти ожанги чабин, Аз чахон суду зиёнат бишмаранд. Чашм пушида агар аз зиндагони, Суи ман боз аст чашми интизорат. Суи ман гирёну пазмон боз бошад. Чашми чорат аз мазорат... Модари гам куштаи ман, гарчи дар зери замини, Боз хам дар зери гардун рохпою рахнишини.