...КИ МИЛЛАТ СОХТАНРО ДАР ТУ ДИДЕМ!
(Ба ёди абарустод Лоиқ Шералӣ)
Ғаму дарди Ватанро дар ту дидем,
Шукӯҳи сӯхтанро дар ту дидем,
Ҳазоронсола дардеро кашидан,
Вале нагсехтанро дар ту дидем!
Ба шамшери сухан бо кинатузон,
Чу Рустам охтанро дар ту дидем!
Ба чашми он ҳама кӯрони таърих,
Чароғ афрӯхтанро дар ту дидем.
Суханро рӯдакивор аз табоҳӣ
Ба чарх афроштанро дар ту дидем.
Ҳазоронсола таърихи Ватанро
Ва миллат сохтанро дар ту дидем!
Ало, Устод, ёдат ҷовидон бод,
Ки ҷовид зистанро дар ту дидем!
Азиз Сангин
Донморг, 01.07.2018
P.S. “Марзҳо... Фосилаҳо...” китоби аввалини устод Азиз Сангин аст. Умедворем, ки шеърҳои устод Азиз Сангинро хонандагон хуш мепазиранд.
Беҳтарин тӯҳфа ин китоб аст.