Зи сўзи сина чӣ гўям? Ба тоб месўзад, Агар ман оҳ кашам,офтоб месўзад. Ғами фузуни диламро чӣ гуна шарҳ диҳам? Агар китоб нависам,китоб месўзад. Чароғи моҳ дар амвоҷи баҳр нест хамуш, Дили ман аст,ки дар қаъри об месўзад. Фиғон зи бахти бадам, к-аз ту дур афтодам, Ғами дилам ба ҳазор изтироб месўзад. Чи ҷои дўст,ки бегона низ аз ғами ман, Агар хабар бишавад,чун кабоб месўзад. Миёни хона сукут асту дарду танҳоӣ, Ки дар баробари ман беҳисоб месўзад. Сабо,ки аз ғами ту об мешавад дили санг, Тамоми вожа дар ин шеъри ноб месўзад.