Байти Абрӯ
Байтҳои хуби ман аз байти абрӯи ту буд,
Мисраи пуртоби ман аз печи гесуйи ту буд.
Сарв мезад ҳар куҷо лофе зи қадду қоматаш,
Лек сархам ӯ мудом аз қадду дилҷӯйи ту буд.
Дид чун моҳи само ду кулчаи рӯйи туро,
Аз хиҷолат камнамо аз кулчаи рӯйи ту буд.
Кокули шабранги ту гоҳе ки печад бар танам,
Ҷисму ҷони ман ҳама побастаи мӯйи ту буд.
Ҷони ширинам,бубахшо,гуфтаам баҳри ту кам,
Дидагони Юсуфи мо доимо сӯйи ту буд.