Яке бечораву танҳо Яке лабташна дар саҳро Яке бедард бепарво Аҷаб дунëст ин дунë Яке чун моҳие дар шаст Яке бепул яке пулмаст Яке бепо яке бедаст Аҷаб дунëст ин дунë Яке бо лаъли хандон аст Яке бо чашми гирëн аст Яке бо ҷони ларзон аст Аҷаб дунëст ин дунë Яке ëри вафодор аст Яке бераҳму ҷаббор аст Яке муштоқи дидор аст Аҷаб дунëст ин дунë Яке зи одами дур аст Зи сарват масту маъмур аст Ба фикраш аз Худо зӯр аст Аҷаб дунëст ин дунë Яке дар қайди зиндон аст Зи аъмолаш пушаймон аст Дилаш лабрези армон аст Аҷаб дунëст ин дунë Яке аз бачча безор аст Яке бар нохунаш зор аст Ба ëди бачча бемор аст Аҷаб дунëст ин дунë Яке дур аз Ватан бошад Чу гул дур аз чаман бошад Чу ҷони дур зи тан бо