Ёрон, акои ҳамдилу ҳамрози ман куҷост? Доруи қалбу синаи бемори ман куҷост? Аз марги ногаҳонияш дил пора-пора шуд, Осонкуни масоили душвори6 ман куҷост? Ҳар лаҳзае табассуми ӯ ёд оядам, Нодиракору нодирагуфтори ман куҷост? Модар ба ёди оразаш гум карда ақлу ҳуш, Ҳодии роҳу толеи бедори ман куҷост? Хурсандии ҷаҳон маро якбора тарк гуфт, Акнун мунаққиди ману ашъори ман куҷост? Дигар ба пеши дидаам пайдо намешавад, Ҳайфу дареғ он дури шаҳвори ман куҷост? Душанбе шом ногаҳон бар коми хок рафт, Сад оҳу воҳ мӯниси гулкори ман куҷост? Бе чеҳраи биҳиштияш ҳолам хароб гашт, Афсӯси ман, бародари ғамхори ман куҷост?