Шеър дар васфи интернет
Интернетҷон, интернет,
Нархат ба ҷон, интернет.
Сайтҳои зебо доштӣ,
Чатат ба ҷон, интернет.
Ҳой вайбери нозанин,
Нозот куҷо шуд акнун.
Имою ватсап тамом,
Фейсбук гадо шуд акнун.
Инстаграмҷон, инстаграм,
Бо кай мебинем як дам?
Мессенҷери бамеҳрак,
Дигар набинам рӯят.
Тақдири мо ҳамин аст,
Меҳру вафо зиёд аст.
Дар меҳвари замон бош,
Дар тарафи тобон бош.
Ёдат ба хайр, интернет,
Телеграм, вичат, вайбер.
Фейсбук, инстаграм, имо,
Ҷудо шуд як умр аз мо.