Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
-- Падарҷонам -- Тану ҷонам фидои ту Шудам пазмон дуои ту Калому пандҳои ту Ҳама меҳру вафои ту Падарҷонам куҷои ту Падарҷонам куҷои ту Ту рафтӣ шодӣ аз дил рафт Дамӣ озодӣ аз дил рафт Кунун холист ҷои ту Падарҷонам кучои ту Падарҷонам кучои ту Зи дидорат нагаштам сер Аё кони вафову меҳр Ба қадри ту расидам дер Надонистам баҳои ту Падарҷонам куҷои ту Падарҷонам куҷои ту Ба хуни дил калон кардӣ Ба роҳи нек равон кардӣ Забону нуқтадон кардӣ Бимирам дар вафои ту Падарҷонам куҷои ту Падарҷонам куҷои ту Дабистони адаб дидам Зи боғаш меваҳо чидам Биёфтам ончи пурсидам Падарҷонам куҷои ту Падарҷонам куҷои ту Кунун бо дидаи пур нам Ба қалби реш реш аз ғам Дуояат мекунам ин да