Page information Ҷасур is available to authorized users only.
Status
🔹🔹 НАҚД ВА БАРРАСӢ 🔹🔹 💠 Матни нақд: Пас аз мутолиъаи китоб суъолоте барям матраҳ шуд ки ба мизони ҳавсала теъдоде аз онҳоро матраҳ мекунам. Қаблан ба хотири посухгӯйии самимона ташаккур мекунам. Дар матни китоб омадааст: <<Ихтилофи онон [олимони мусалмон] бо якдигар дар гуфтаҳо ва кардаҳошон, фоҳиш ва фаровон аст; Дар ҳоле ки ҳақ, мусалламан гуфта ё кардаи воҳиде аст ва қобилияти таъаддуд ва такассур надорад ва бо ин васф, пайравии онон, аз як сӯ мутаноқиз ва бемаъност ва аз сӯӣ дигар, ба ихтилофи мусалмонон меанҷомад; Ҳамчуноки ба он анҷомидааст; Чароки ихтилофи мусалмонон дар ақойид ва аъмолашон, беш аз ҳар чиз, маълули пайравии онон аз олимони мухталиф аст>>. Ҳол инки ҳамин гуфта нишон медиҳад байни бардошти 2 нафар ки на танҳо аз касе тақлид намекунанд, балки динро бо тафаққуҳ дар оёт ва ривоёт гирифтаанд низ мумкин аст ихтилоф ба вуҷуд биёяд; Яъне наметавон ба таври қатъӣ гуфт мусалмонон бо тафаққуҳ ба як бардошти воҳид мерасанд ва дар натиҷа тибқи истедлоли худи китоб танҳо яке аз ин бардоштҳо саҳиҳ аст ва бақия нодуруст аст ва ин яъне мо боз ҳам мусалмононе хоҳем дошт ки талаққии носаҳиҳе доранд ва инҷо чи тафовуте байни натиҷаи ин 2 равиш аст? Албатта суъоли дигар низ ин аст ки дар китоб омадааст: <<Пайравӣ аз онҳо [яъне олимон], мубтани бар занни пайравонашон ба мутобиқати гуфтаҳо ва кардаҳои онҳо бо шаръ аст>> ки бо таваҷҷуҳ ба таъкиди нависанда бар яқини ақлӣ, мутаъассифона далили ақлӣ барои ин масъала зикр накардаанд. Албатта ин нуктаи лозим ба зикр аст ки дар сурати муроҷиъа ба мароҷеъи тақлид ва дархости далили ақлӣ аҳком ва фатово ва истинод ба оёт ва ривоёт, онон дариғ накарда ва дар ихтиёр мегузоранд. Ташаккур 💠 Матни баррасӣ: Бародари гиромӣ! Ба назар мерасад ки шумо, шояд дар асари фиқдони <<Ҳавсала>> ба мизони кофӣ, китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро ба таври комил мутолиъа нафармудаед ва ин муҷиби бардошӣ ноқис ва нодуруст барои шумо шудааст. Бо ин васф, лозим аст ки ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед: Аввалан чунонки дар ин китоби шариф бо далоили рӯшани ақлӣ ва шаръӣ ба исбот расонда, ҳақ чи дар ҳавзаӣ таквини Худованд ва чи дар ҳавзаӣ ташриъи Ӯ, вуҷуди воҳид аст ва аз ин рӯ, шинохти воҳидеро иқтизо мекунад; Чароки шинохти як чиз ба ду сурат мумкин нест, магар инки яке аз он ду сурат, шинохт набошад ва танҳо шинохт пиндошта шуда бошад; Монанди ду олим ки бо якдигар дар шинохти амале ихтилоф доранд ва яке онро воҷиб ва дигаре онро ғайри воҷиб медонанд, дар ҳоле ки бадеҳӣ аст он амал наметавонад ҳам воҷиб ва ҳам ғайри воҷиб бошад ва қаҳран ё воҷиб ва ё ғайри воҷиб аст ва аз ин рӯ, танҳо шинохти яке аз он ду саҳиҳ аст ва шинохти дигарӣ саҳиҳ нест. Ин дар ҳоле аст ки мусалламан Худованд мардумро ба шинохти ҳақ бо васфи ваҳдаташ мукаллаф фармуда; Чароки шинохти ҳақ барои камоли онон зарурӣ аст ва адами таклифи онон ба он бо камоли Ӯ мунофот дорад ва бо ин васф, лозим аст ки имкони онро низ барои онон фароҳам сохта бошад; Зеро таклифи онон ба коре ки мумкин нест, ҷойиз нест. Бинобарин, шинохти ҳақ ба суратӣ воҳид, барои мардум мумкин аст ва аз ин ҷиҳат, бар онон воҷиб шумурда мешавад; Зеро коре ки барои мардум зарурӣ ва мумкин аст, бар онон воҷиб аст. Аммо чизе ки шинохти воҳид аз ҳақро барои онон мумкин месозад, меъёри воҳид барои он аст ва меъёри воҳид барои он, ҳамоно ақл аст ки ба ҳамаи уқало бахшида шудааст, ҷуз онки ақли онон ҳангоме метавонад ба шинохтӣ воҳид аз ҳақ даст ёбад ки ба мавонеъи он монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ мубтало набошад; Зеро ҳар андоза ки ба ин мавонеъ мубтало бошад, дучори инҳироф ва ихтилоф мешавад ва ин инҳироф ва ихтилоф, аз мавонеъи шинохт ношӣ мешавад на аз <<Тафаққуҳ дар дин>> ва бо ин .... 📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед: Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1167/
🔹🔹 НАҚД ВА БАРРАСӢ 🔹🔹 💠 Матни нақд: Дар китоби Бозгашт ба Ислом омада ки иҷтиҳод бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. Суъол инҷост аз онҷойе ки ҳар инсоне дорои истеъдоди махсус ба худ мебошад ба унвони намуна баъзе дар пизишкӣ баъзе дар муҳандисӣ ва риштаҳои дигари илмӣ дорои истеъдод мебошанд ва дар натиҷа мувафақият барои ҳама дар як замина мумкин нест касоне ки тавоноӣ муҷтаҳид шуданро надорад чи бояд бикунанд? Оё набояд ба як муҷтаҳид яъне мутахасиси дар дин руҷӯъ кунанд? 💠 Матни баррасӣ:
🔹🔹 НАҚД ВА БАРРАСӢ 🔹🔹 💠 Матни нақд: Китобро ба умеди пайдо кардан роҳи ҳаллӣ исботӣ мурур кардам, аммо ончи ҳосил шуд танҳо нафӣ дигарон буд! Нависанда баъд аз ин ҳама қаламфарсоӣ ва баёни куллиёт, таклифи мусалмонро дар асри ғайбат мушаххас накардааст ки билохира чи кор бояд бикунанд оё бояд даст аз ҳамаи корҳо кашида ва таҳсин карда ва эълом кунанд то Маҳдӣ алайҳи салом наёмад аз эътисоб ва тасҳини худ даст нахоҳанд бардошт? Агар бар фарз акнун замоми умури муслимин ба дасти Мансури Хур
🔹🔹 НАҚД ВА БАРРАСӢ 🔹🔹 💠 Матни нақд: Дар матлаби навишта шуда дар сайти мӯҳтарами шумо чанд бор ишора ба ғарби кофир ва Амрикои унхелӣ ва Ислом бар ҳақ ишора кардаед ки бештари [ин] ҷумалот солҳост ба гӯши ҳама мерасад ва ба андозаи донаи арзане асари хайр надоштааст. Бузургтарин иштибоҳ дар ҷаҳони мавҷуд вогузории ҳукумати кишварҳо ба масъулони динӣ ва руҳонии ҷавомеъ мебошад ки бидуни рӯдарбоистӣ дар идораи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низомӣ ва иҷтимоъии кишварҳо асароти номатлуби худро гузошта
Face
6 Sept 2019
28 years old, Dushanbe, Tajikistan
*** НОМА *** Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Барои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аъядуллоҳи таъоло номае навиштам ва аз ӯ хостам ҳар амале ки пас аз шинохти ҳақ ва ёрии он бояд анҷом диҳам то растгор шавамро бароям бинависад. Пас бароям навишт: <<Ва аммо баъд; [1 .] Намозро дар аввали вақти он барпо дор. [2 .] Нофилаи шабро тарк накун ва дар саҳаргоҳ ба истиғфор кӯш. [3 .] Агар метавонӣ ки лаҳзае аз Худованд ғофил набошӣ пас ... * Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед: Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/мушоҳидаи-нома/1963/
Log in or sign up to add a comment