Соли нави Ачам Навруз, ки иди байналмилали
эълон шуд, моро боз хам шоду масрур намуд.
Хамакнун ин чашини фархундаро дар тамоми чахон
бо шукуху шахомати хоса тачлил мекунанд. Навруз
нишонаи олии хубию поки, дустию хамдили ва иди
сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи
Чамшеду Каюмарс то ин замон чандин мархилахои
вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманнону
бадхохон рахо ёфта то ба замони имрузи мо
расидааст. Навруз ин иди аждодони гузаштаи мо
мебошад, ки ба мо хамчун мерос боки монда,
арчгузори ба ин чашини милли, арчгузори ба расму
русуми гузашта мебошад. Навруз ин огози рузу моху
соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси
аждодони худ бифахрем, чунки дар тули кар