Писар қадри падарро дон, мабодо бепадар гардӣ,
Пушаймон мешавӣ охир, мабодо бехабар гардӣ.
Агар таҳдид бинмояд хатар бар ҷисму ҷони ту,
Падар ҷои сипар бошад, вагарна бесипар гардӣ.
Писар қадри падарро дон, ки даркорат бувад имон,
Наёбӣ умри човидон, ки рӯзе дар сафар гардӣ.
Падар дид заҳмату меҳнат, калон гаштӣ бигӯ раҳмат,
Набошӣ ҳеҷ дар роҳат, чу бадхоҳи падар гардӣ.