Ё Аллоҳ! Ту фарзандонамро бе он ки ман қудрату тавон дошта бошам, ба ман додаӣ, пас онҳоро дар паноҳи худат нигоҳ дор, ки ман тавони нигаҳдории онҳоро дар ҳамаи ҳолатҳо надорам!
Ё Аллоҳ! Фарзандонамро аз ҳар бадию чашмзахму зарар ҳифз кун!
Ё Аллоҳ! Онҳоро аз бемориҳо ҳифз кун ва агар беморанд, шифояшон деҳ!
Ё Аллоҳ! Имтиҳони маро дар онҳо қарор мадеҳ, ки китфҳоям таҳаммули чунин бореро надорад!
Ё Аллоҳ! Онҳоро дар имтиҳонҳои ошкору пинхонат аҷру подош деҳ!
Ё Аллоҳ! Онҳоро аз бандагони солеҳат ва аз ҳофизон ва қориёни китобат қарор деҳ ва онҳоро аз назари дин ва ибодату дониш беҳтарини мардум ва аз назари зиндагӣ хушбахттарини мардум қарор деҳ!
Ё Аллоҳ! Фарзандонамро бо ҳалолат аз ҳаром