Аз сина рабудӣ дил, кай дилбаракам гардӣ,
Муршиди раҳи ишқам ё ҳамсабақам гардӣ.
Индам зи хаёли ту сӯзад танаку ҷонам,
Номеҳраки ман, эй кош, меҳрофаракам гардӣ.
Аз шӯр занам фарёд, кай дар баракам оӣ?
Илло бишавам нобуд гар бедаракам гардӣ.
Мисли хасаке сӯзам дар оғушакат аз шавқ,
Аз зебу фарат мирам маҳпайкаракам гардӣ.
Норам бишавад гулзор аз омаданат, эй ёр,
Гӯё ки ба шоми ғам нури шафақам гардӣ.
Аз дафтараки қалбам гар як варақе хонӣ,
Размофаракам*, рӯзе ҳамбистаракам гардӣ.
Дар гирди ту меболам чун шоҳпараки хушбол,
Истораи бахтамро болу паракам гардӣ.
Охир зи таманноят тоқат зи тавонам рафт,
Хандида кушо оғуш, ҷон дар рамақам* гардӣ.
Ибдои* Муродиро бингар ту зи ҳар сатраш,
Розӣ бишав