Доктор Илоҳии Қумшаӣ чи зебо мегуяд:
Тасаввур кун, ки як субҳ аз хоб мехезӣ ва мебинӣ, ки ҳеҷ касе ғайр аз худат дар дунё нест ва ту соҳиби тамоми сарвати рӯи замин шудаӣ.
Он рӯз чи либосе мепӯшӣ?
Чи ҷаврҳиротеро дар худ меовезӣ?
Бо чи мошине сайр мекунӣ?
Кадом хонаро барои зиндагӣ интихоб мекунӣ?
Шояд нисфи як рӯз аз ин ҳама сарват ба ваҷҳ биёӣ, аммо кам - кам мефаҳмӣ, ки ҳақиқат чист.
Вақте ҳеҷ касе нест, ки эҳсосатро бо ӯ тақсим кунӣ, либоси наватро бубинад, барои мошинат завқ кунад, бо ту ба гардиш равад, канорат таъом хӯрад... ҳамаи ин доштаҳоят бароят беарзиш мешаванд.
Дигар ронандагӣ бо мошини арзон ё гарон фарқе надорад.
Хонаи чандқабата ё одӣ бароят як мешавад.
Ҷавоҳирот даври г