Ва ин дунё хубкушу бадпарвараст!.......
ОҲ АЗ ДАСТИ ТУ ЭЙ АЗРОИЛ!
Оҳ аз дасти ту эй Азроил
Аз само боз рабудӣ ахтар
Каси нокас магар кампайдост
Ки гирифтӣ зи миён ин гавҳар
Он ки ҷонаш ту гирифтӣ охир
Падари маънавии одам буд
Бахудо шахси наку буду шариф
Падари маънавии ман ҳам буд
Ман аз у байт биомухтаму шеър
Бо қалам ҳарфзанӣ ёдам дод
Бо суханҳои маҳину ширин
Лафзи ширу шакарӣ ёдам дод
Оҳ аз дасти ту эй Азроил
Аз чӣ ҷонаш бигирифтӣ ногаҳ
Ту надидӣ ки магар он устод
Пайи ободӣ ҳаме рафт ба раҳ
Ту надидӣ ки дусад армонаш
Ба дилаш буд вале бепарво
Ба хатар рафт ки ободӣ кунад
Бехабар аз туву шуру ғавғо
Ту надидӣ ки фақат мекушид
Пайи таълим,пайи меҳнат кардан
Фасли дай таълими мактабхона
Дар тамуз руй ба Маскав бурдан
Ту надидиву наандешидӣ
Ки варо ҳаст зуну фарзанде
Ту надидиву наандешидӣ
Ки варо ҳаст ба ҷон пайванде
Ту надидӣ!
Ту надидиву намебинӣ дареғ
Чун надорӣ падару ҳам модар
Гар падар,модару фарзандат буд
Мешуди хуни дилу хуни ҷигар
Оҳ аз дасти ту эй Азроил
Аз само боз рабудӣ ахтар
Каси нокас магар кампайдост
Ки рабудӣ зи миён ин гавҳар
Беҳрузи Хусравзод


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
Ки рабуди зи барам устодам
Зи куҷо будӣ? куҷо бурдӣ варо?
Ки бигиряд зи ғамаш эҷодам