Ки дар ин ниммарохи мондаам ман
Надорам чорае з-ин ишкбози
Ба як холи табохе мондаам ман
Чаро он бевафо ишкам надонад
Магар ери дигар дорад худое
Агар бошад чунин даст мекашам ман
Аз ин ишку хаелу хобу руе
Ба зери осмони софу равшан
Чаро зулматсароест кулбаи ман
Ба як шамъе ки он хам нимасузаст
Надорад нур дару дарвозаи ман
Дар ин хомушию зулматсарое
Ки бо едаш факат дил нола дорад
На меояд ки орад равшаниро
На меояд ки гам аз дил рабояд
Ман он девонаам ки байни мардум
Тани танхояму хам бенавоям
Манам оне ки харгиз кас нафахмид
Каломи калбаму харфу хичоям
Худое гар шавад огах зи холам
Бифахмад ишкаму омода ояд
Ба зери хар кадамхояш бимирам
Агар дилдодаам дилдода ояд
Бехрузи Хусравзод


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев