Вақто ки ин марди фақир баъд аз рӯзе ки гайб зада буд дубора ба кор омад сардораш он маблағи зиёдатиеро ки ба худаш аҳд басту буд ба ин марди фақир дод, ин марди фақир аз сардораш напурсид ки чаро ба ман маблағи зиёдати додаед? Ҳаминтавр баъд аз чанд рӯзе ин хидматгор дубора ғайб заду ба кор ҳозир нашуд, ин маротиба сардораш бисёр ғазабнок шуд ва ба худ гуфт: он маблағи зиёдатие ки болои маошаш афзуда будам кам мекунам. Баъд аз инки ин хидматгор боз ба кор баргашт сардораш он маблағи зиёдатиеро ки болои маошаш зам карда буд гирифт. Марди фақир чизе нагуфт ва аз сардораш низ напурсид ки чаро он маблағи зиёдатиро кам кардед? Сардораш дар ҳайрат монд, ки маблағи зиёдатияш додам чизе нагуфт, он маблағро бозпас гирифтам боз чизе нагуфт. Пасон аз ходими худ пурсид: Дар маротибаи аввал бароят маблағи зиёдати афзудам чизе нагуфти? Баъдан он маблағро бозпас гирифтам боз чизе нагуфти сабаб дар чист? Марди фақир гуфт: ҳангоме ки маротибаи аввал ғайб задаму ба кор наёмад ба он хотир буд, ки Аллоҳ таоло ба ман фарзанд ато кард буд азин сабаб омада натавонистам, дарин ҳангом ки омадам бароям маблағи зиёдати дода шуд ба худ гуфтам: ин ризқи фарзандест ки Аллоҳ таоло бароям ато карда ва ризқашро низ ҳамрохаш ато кард. Вақто ки маротибаи дуввум ба кор наёмадам ва шумо он маблағи зиёдатиро аз маошам хат задед дарон ҳангом ҳамон фарзанде ки Аллоҳ таоло бароям дода буд аз дунё гузашт ба худ гуфтам: ин ризқи фарзандам буд ки бо рафтанаш аз дунё ризқашҳам канда шуд. Чи басо мардони қаноаткунандае вуҷуд дорад, ки бо ончики Аллоҳ таоло барояш додааст рози асту қаноат мекунад.
Паравардигоро моро бо ҳалол кардаи худ кифоят кунон то ба ҳаромат ниёз пайдо накунем ва парвардигоро моро бо фазли худ аз ғайри худат бениёз гардон.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев