Ҷудо гаштам зи домонат, паноҳат бар Худо, Модар,
Худо бошад нигаҳбонат, паноҳат бар Худо, Модар.
Чӣ гирён аст чашми ту, дурахшон аст чашми ту,
Бимирам дар қадамҳоят, паноҳат бар Худо, Модар!
Надидам аз касе меҳре, ки дорад чашми пазмонат,
Фидои чашми пазмонат, паноҳат бар Худо, Модар.
Ту дасте дар дуъо дорӣ, ки бошад сабз ҷони ман.
Дилу ҷонам ба дастонат, паноҳат бар Худо, Модар.
Бубахшо шири покатро, суруди дард нокатро.
Ба фарзанди ғарибат, паноҳат бар Худо, Модар.