Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Ғофил аз Парвардигорӣ то ба кай, Бо бадӣ чун аждаҳорӣ то ба кай. Бе намозу рӯзаву ҳаҷҷу закот, Умри худро хор дори то ба кай. Ошиқии зар гаштайи ту шармдор, Ганҷи фонӣ дӯстдорӣ то ба кай. Ҳақ туро ёрасту ҳастӣ бехабар, Ту ба ғайри Зот ёри то ба кай. Бе хабар аз Кирдигорӣ то ба кай. Эй тани хокӣ тавозуъ кун чу хок, Аз ғаб монанди норӣ то ба кай. Бе сахову шарму одобу ҳаё. Умри худро мегузорӣ то ба кай. То ба кай ҳамчун гадоӣ дар ба дар. Ту талаб аз ғайр дорӣ то ба кай. Нӯри эй одам каме андеша кун. Аз кадом рӯ ҳамчу нори то ба кай. Эй Бузургандеш таваккал бар Худо, Соз бе зар бе барори то ба кай. То ба кай моҳи намеафтад ба тӯр. То ба кай ту кам шикори то ба кай. То ба кай шин