Эй охирин умед, ту хам мерави бирав,
Рохи ту хам сафед, ту хам мерави бирав.
Бо ин чахони кухна навои нав аз ту буд,
Эй вопасин навид, ту хам мерави бирав.
Бас навбахор ваъдаи гул доду бевафо,
Домони худ бичид, ту хам мерави бирав.
Гуфтам биё, ки дидани дидор киммат аст,
Чашми дилат надид, ту хам мерави бирав.
Рохи нафас намонд дар ин дудмони гам,
Эй лахзаи саид, ту хам мерави бирав.
Бар корвони ашки пур аз шеъри Озарахш,
Вакти сафар расид, ту хам мерави, бирав.