Бисӯхти дар ғамат моро амакҷон,
Задим сад доду вовайло амакҷон.
Шумо будид пайванди дилу ҷон,
Чаро гашти ҷудо аз мо амакҷон.
Дили мо буд лабрези ғаму дард,
Буди марҳам ба дарди мо амакҷон.
Ки хоҳад буд баъди рафтани ту,
Тасаллибахши ин дилҳо амакҷон.
Ба ёдад зор мегирям ҳамеша,
Надиди ашки чун дарё амакҷон.
Зи маргат кардаем мотамсароӣ,
Ҳама хешон бо ғавғо амакҷон.
Намонда зарраи шоди ба ин дил,
Дили мо манзили ғамҳо амакҷон.
Бихоҳем аз Худованди Раҳимӣ,
Бароят ҷаннатулмаъво амакҷон.