Аввали ишқ - осмони баланд, Охири ишқ -. хоки домангир
Аввали ишқ - орзуҳо гарм, Охири ишқ -. орзуҳо ПИР
Аввали ишқ - даст бар гардан, Охири ишқ -. дастудилшӯӣ
Аввали ишқ - рӯ ба рӯи ёр, Охири ишқ -. рӯ Ба берӯӣ
Аввали ишқ - гул ба кокулҳо, Охири ишқ -. мушти хору хас
Аввали ишқ - соҳиби дунё, Охири ишқ -. мурдаи Бекас
Аввали ишқ - лофи мардона, Охири ишқ -. туҳмати номард
Аввали ишқ - синаи пуршӯр, Охири ишқ -. синаи пурдард
Аввали ишқ - бӯсаи ширин, Охири ишқ -. талху шӯриҳо
Аввали ишқ - нашъаи дидор, Охири ишқ -. заҳри дуриҳо
Аввали ишқ - гулфишони баҳор, Охири ишқ -. баргрезиҳост
Аввали ишқ