Даме бошад макун фикре каме рохат фарогат кун,
Табассум кун, машав гамгин, факат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун, агар бадтинате ранчонд,
Ба кунчи хилвате бошу Худоро зикру тоат кун.
Тахи магзу даханбадбу дилатро гар сиёхе кард,
Чавобашро мадеху як нафас сабреву токат кун.
Маранч аз хар чахолат дил, матарс аз хайбату вахмаш,
Ба одоби мусалмони ба рохи хак шафоат кун.
Агар ё хушкмагзе ё хушкдимоге обруят рехт,
Гунохатро Худо резад, машав гамгин ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге хакорат кард,
Надоди бар чавобаш муштро, худро маннонат кун.
Ба нохунхои лафзаш дилхароше гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав аз буи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатро ба суя