Дили ман ташнаи дидор, дубора боз меойи? Шудам аз дурият бемор, дубора боз меойи? Тасаввур мекуни,ҳар шаб,нахобам, дидабедорам, Ду чашмонам ба роҳат чор, дубора боз меойи? Камони абрувонатро, ду чашмони сиёҳатро, Ба ёд орам ҳазорон бор, дубора боз меойи? Дилам бисёр мехоҳад, ки боши дар канори ман, Зи танҳои шудам безор, дубора боз меойи? Гирифта аз гиребонам ғами даҳри саодаткуш, Надорам мисли ту ғамхор, дубора боз меойи? Ту медони ва огоҳи, ки ман сар то ба по ишқам, Туи танҳо маро дилдор, дубора боз меойи? Дили ман бесафо бошад, тамоман бенаво бошад, Ало шӯхи навозишкор, дубора боз меойи? Расад фасли баҳори мо ба пои тирамоҳи зард, Нарафта сурхӣ аз рухсор, дубора боз меойи? Набоши зиндаго