Муҳаммад зиннати номи ҷаҳон аст, Чи хушбуйтар аз он андар даҳон аст. Назоида касе ҳамчун Муҳаммад, Ки нури рӯи вай рангинкамон аст. Муаттар ҳар куҷо номи Муҳаммад, На махсуси замони ё ки макон аст. Касоне, ки паноҳ аз он гузиданд, Даруни ҳар ду дунё дар амон аст. Муҳаммад нури оламтоби ҳастист, Вуҷудаш равшанибахши замон аст. Ба ҳар қалбе намояд рахнаву ҷо, Худо донад, ки қалби ӯ ҷавон аст. Аллоҳумма солли ъала Муҳаммад ва ъала али Муҳаммад.