МАРДИ ФАРЗОНА
Яке фарзонаи равшанзамире,
Ки калбаш чун вазир, табьаш амире.
Саропои вучудаш пур зи накхат,
Басо, марди начибу шухтабиат.
Бувад РАХМИХУДО исми шарифаш,
Набошад хеч номе дар радифаш.
Шакар борад зи гуфтору каломаш,
Бувад сарманшаи хар ханда номаш.
Тамоми марду занхои гуландом,
Ба неки мебаранд аз лутфи у ном.
Ба пирони кухансолу ба тифлон,
Хамезад хандаву мекард чавлон.
Хама ин нагмахояш як хунар буд,
Ки гуи хандаро пиру падар буд.
Агарчи ман надидам як табассум,
Шудам бар нагмаи волош мафтун.
Худоё! Шод гардони равонаш,
Ба садри чаннатат бошад маконаш.