ҲАЗРАТИ УМАР ибни Хаттоб
разияллоҳу анҳу
-Ҳазрати
Умар (р) сӣ сол пеш аз пайғамбаршавии
ҳазрати
Муҳаммад
(саллаллоху алайхи вассалам) таваллуд шудаанд. Яъне, аз Расули Худо (саллаллоху
алайхи вассалам) даҳ сол хурд мебошанд. Ишон дар
Маккаи Мукаррама ба дунё
омада, аз қабилаи қурайш
буданд. Дар даврони ҷоҳилият ҳар гоҳ байни қурайш ва
дигарон ҷанге рух медод, хонаводаи онҳо нақши сафир
ва сухангӯи қурайшиёнро
мебозид.
Умар (р)
марде қадбаланд,
гандумгун, зеборӯ, пуртоқат,
сахтгир, қавиҷусса
буда, садои пурқувват доштанд. Ишон аз ҷумлаи касоне буданд, ки дар соли панҷуми пеш
аз ҳиҷрат мусулмон шуданд. Хоҳарашон
Фотима зани Саъид ибни Зайд буд. Ҳардуяшон
мусулмон буданд, аммо
исломи худро п