Хусни рухафзои ту умри маро кам мекунад Комати мавзуни ту кади маро хам мекунад Хонди бас шеъри тарамрову нахонди хотирам Ваъдахои хушки ту чашми маро нам мекунад...Аҷабо чи ҳолате шуд, ки ба ман нигоҳ кардӣ, Дили ғамнадидаамро ҳама дарду оҳ кардӣ. Ба карашмаи базебат, ба ду чашми дилфиребат, Субҳи навдамидаамро чу шаби сиёҳ кардӣ. Пеш аз ин саодате буд, ба дил фароғате буд, Пас аз ин ту ҳоли дилро ба яқин табоҳ кардӣ. Рӯ ба сӯи ту давидам, вале оразат надидам, Ба чи рӯ ту, эй париваш, рӯи худ паноҳ кардӣ. Ман агар хато намудам, ки ба ту вафо намудам, Ба хатои кардаи ман ту дусад гуноҳ кардӣ. Ҳар гаҳе, ки зора кардам, то ба пешам оӣ ҳар дам, Ту надида ранги зардам ваъдаи пагоҳ кардӣ. Гуфтаӣ: