Холикназар Джумаев
Дуои зани якум ба шавҳар
Дар роҳи Панҷакент - Душанбе бо мо зане ҳамроҳ шуд, ки шавҳараш 5 сол пеш пинҳонӣ аз ӯ зани дуюм гирифта, ҳатто фарзанддор ҳам шудааст.
Бо шӯхӣ аз ӯ пурсидам:
-Дар ин панҷ сол чӣ хулоса кардӣ? Зани якум будан хуб будааст ё дуюм?
-Албатта зани якум, -гуфт бо табассум. –Дигар зани эрка шудам, ҷанҷол нашавад гуфта, ҳарчӣ хоҳам меорад, Ҳар замон пул дода меистад, ки бозор равам. Хулоса корам ҳар ҳафта шоппинг.
-Ҳар рӯз дар ҳақаш дуои нек мекардагистӣ?, -бо кунҷковӣ суол кардам.
Бале, -гуфт. –Ҳар рӯз дуо мекунам,ки худо умрашро дароз кунаду танашро сиҳат нигоҳ дорад, ки то рӯзи мурданаш кор кунад.