Дар тахти зар нишаста моҳи само муборак,
Шаҳ дар бараш нишаста бо сад вафо муборак.
Чун ғунча ҳарду хандон, чун лолаҳо шукуфон,
Чун сарв дар гулистон, ин шодиҳо муборак.
Дил дар хумори рӯяш чашм аз нигоҳи сӯяш,
Ҷон ҳам дар орзуяш дорад нидо муборак.
Юсуф ба тахти шоҳӣ таълими ишқ омӯхт,
Шуд навҷавон Зулайхо такбирҳо муборак.
Чун гул арӯси зебо бо нозу бо таманно,
Истода дар бари шаҳ, нозу адо муборак.
Бар шодиҳои ёрон, ҳамроҳ шав Парешон,
Бо ваҳдати рафиқон, сулҳу сафо муборак.
Тибқи дархости зиёди дӯстон.