Дар огуши ту мемирам,
Дар огуши сафеди пурбахори ту,
Дар огуше,ки мотамхо аз у дуранд,
Дар огуше,ки пистонхои покаш чашмаи нуранд.
Ту бо ман бошу аз осеб эман бош,
Ту бо ман бош,
Туро ман хамчу чоме аз аташ саршор мехохам,
Туро дархар нафас, дар хар хавас, дар хар хамогуши
Чу чашми пурнигохи баркахои дур
Хама шаб дар камини бодхои рахгузар бедор мехохам.
Ту чун ман бош,бо ман бош,бо пархези душман бош,
Маро аз хештан пур кун,
Маро аз оташи фарёдхои бесухан пур кун,
Маро бо тархи андоми сапедат ошнои дех,
Маро аз барки чашмони сиёхат рушнои дех,
Туро ман бо хама андухи покам дуст медорам,
Маро бигзор то лаб бар лаби масти ту бифшорам.
Ман, ай хуршеди гарми зиндагиафруз,
Дар огуши ту мемирам,