Во дарего, сад дарег, дар хок пинхон мешавем,
Хамнишини каждумону мору мурон мешавем.
Мешавем аз хамдигар охир чудо эй дустон,
Токаву танхо ба зери гур яксон мешавем.
Хирси дунёро зи дил берун накардем, сад дарег,
Назди моликон ба зери хок пинхон мешавем.
Хизмати пирон накардем, дар хузури авлиё,
Аз латоифхои у гофил, пушаймон мешавем.
Олимон буданд чароги дину миллат дар чахон,
Хизмати пирон накардем, зуд пушаймон мешавем.
Бандагиро бо хузури дил накардем, сад дарег,
Дар киёмат шармсор, наздики рахмон мешавем.
Гар бисанчанд номаи аъмоли моро дар мизон,
Хайри мо зоид набошад, зуд гирён мешавем.
Дар сиротулмустаким фармон шавад бахри убур.
Хавфи дузах голиб ояд, пойларзон мешавем.
Гар нагир