Хамма ошик Тохиру хар маъшука Зухро нашуд, Каргасу зогу мусича булбули гуё нашуд. Душ дидам зогро ман хамрахи гул дар чаман, Ошики гул гашт, аммо булбули шайдо нашуд. Фатх кардан куллаи уммеди худро мушкил аст, Хар саховатманд Хотам, хар табиб Сино нашуд. Бехуда зури макун, то ки миёнат нашканад, Бо табобат кури модарзод хам бино нашуд. Дилсиях оро намуд руяш ба рангу холу хат, Лек дар чашми ману ту чехрааш зебо нашуд. Мепарад имрузхо бар осмон кайхоннавард, Рафт бар афлоку аммо хазрати Исо нашуд. Орзу, ман кур будам дар рахи ишки асил, чор Китобаш то нахондам, чашми калбам во нашуд!