Боб андар гуфтани «он чи Аллоҳ ва ту бихоҳӣ» Аз Қутайла ривоят аст, ки марди яҳудӣ назди Расулуллоҳ сал- лаллоҳу алайҳи ва саллам омаду гуфт: Шумо (мусалмонон) ширк меоред, чун мегуед:«Он чи Аллоҳ ва ту бихоҳӣ» ва мегуед: «Савганд ба Каъба». Аз он пас Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мусалмононро дастур дод, ки агар хостанд, савганд бихӯранд, бигӯянд: Ва Раббилкаъба (яъне савганд ба Парвардигори Каъба) ва бигӯянд:Он чи Аллоҳ, сипас ту бихоҳӣ. (Насоӣ ривоят карда, гуфтааст:Ҳадиси саҳеҳ аст) Боз дар Насоӣ аз ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят шуд, ки марде ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: Он чи Аллоҳ ва ту бихоҳӣ. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:Оё маро бо А