Бар бандаи муъмини Худо меояд. Ин мохи Худо, моҳи азиз, моҳи Карим, Тасбеху таровеҳу сано меояд. Ин мохи саъодат аст, барои ҳар кас. Хушбахтиву ҳам файзи Худо меояд. Сузида шавад, лагжиши ҳар бандаи Ҳақ, Пас раҳмати Хак, мисли борон меояд. Як ҷашни аҷиб аст, дар ин моҳи шариф. Қуръони Карим зи осмон меояд. Шунида шавад, хондани Қуръони Карим. Ҷамъи малакут, бахри хисоб меоянд. Хушбахт шумоед,ки саф оростаед. Руҳи Мустафо пеши шумо меояд. Ғофил машав,эй бандаи пур саҳву хато. Ин амри Худост, бар сари мо меояд. Чашме бикушоед ба хикмати мохи азим. Бар бандаи бемор шифо меояд. Ин бандагиҳо, хондагиҳо, гуфтагиҳо. Дар ҳар соле як моҳи кутоҳ меояд. Бо дасти дуъо бошед, дустони азиз. Мағфираташ бар арзу само меояд. Як Ҷашни азимест, пас аз мохи Карим. Иди Рамазон бо баракот меояд.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев