Ё Аллоҳ илмам бидодӣ ақлу тақвоям бидеҳ, Хулқи хубу сирати аброри доноям бидеҳ.
Дину имонам бисоз мустаҳками дӯр аз завол, Мисли асҳоби Расулат қалби бедорам бидеҳ.
Сабру тоқатро бароям пешаи умрам бисоз, Бо сабурӣ пайравӣ тавҳиди пурборам бидеҳ.
Ҳар куҷо бошам мадад кун ё Раббо аз фазли худ, Пеши ҳосидони бадгӯ чашми бедорам бидеҳ. Нусрати динат ба дасти мо бикун андар ҷаҳон,
Аҷри умри пур зи аъмоли гуҳарборам бидеҳ.
Ҳар замон мирам бибахшо, ки манам ғарқи
гуноҳ,
Маргро осон бисозу раҳматат ёрам бидеҳ.
Амин, Амин, Амин.