Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад, Ингуна агар нест, ба дунболи худат бош.? Ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамсоли худат бош, Ҳамқисмату ҳампешаву ҳамболи худат бош. Хешиву қаробат ба касе суд надорад, Бобои худат, момо аму холи* худат бош. Дилтанг шавӣ, ҷанг накун бо дигарон ту, Баргир гиребону ба ҷанҷоли худат бош. Чун Ҳофизи Шероз мадав аз пайи турке, Дилбаставу ошиқ ба хату холи худат бош. Тақвим раҳо соз, чи милод, чи ҳиҷрат, Тақвими худат, рӯзу маҳу соли худат бош. Олам ҳама гар ғарқ шавад дар ғаму андӯҳ, Лабханд бизан бо худу хушҳоли худат бош. Ҳусне, ки туро ҳаст нагунҷад ба каломе, Дар ойина ҳардам нигару лоли худат бош