Ту дуъои ҷони мо кун,
Ки дуъо-т мустаҷоб аст.
Ки дуъои хайри модар,
Бахри кудакон савоб аст.
Ту дуъо, дуъо, дуъо кун,
Ту дуъои ҷони мо кун.
Ту дуъо намой модар,
Ками мо бигардад афзун,
Раҳи мо кушода бошад,
Сари мо расад ба гардун.
Ту дуъо, дуъо, дуъо кун,
Ту дуъои ҷони мо кун.
Ту дуъо намой модар,
Ки Худо диҳад паноҳам
Ба дуъои хайрат Эзид,
Гузарад зи ҳар гуноҳам.
Ту дуъо, дуъо, дуъо кун,
Ту дуъои ҷони мо кун.
Нигаҳи ту офтоб аст,
Назари ту сад китоб аст.
Ба дуъой кушой дастат,
Ки дуъот мустачоб аст.
Ту дуъо, дуъо, дуъо кун,
Ту дуъои ҷони мо кун.